Мулоқот бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳри Турсунзода

Август 16, 2013 14:14

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Дирӯз 15-уми августи соли 2013 кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо раисони ҷамоатҳо, имомхатибони масҷидҳо, директорони мактабҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолон ва шахсони масъули ноҳия вохӯрданд. Дар мулоқот сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Абдуллоҳи Қодирӣ доир ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ дар хориҷи кишвар, фарҳанги муҳоҷират, касбомӯзӣ, дараҷаи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, одобу русум, депортатсия, аз қайд гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳо ва саҳми онҳо дар рушди ноҳия, сафари ноболиғон ба ФР, ҳамкории бештари имомохатибон дар маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо бо кормандони Хадамоти муҳоҷират, супоридани тест аз забони русӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, инчунин дар бораи гирифтани шаҳрвандии ФР ва дигар масъалаҳо суҳбат намуд.Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Муқим Ниёзов доир ба омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, касбомўзӣ ва забономӯзӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбею ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Август 16, 2013 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш