Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо Ян Кубиш
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»).- 29 августи соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкор намуда, зарурати идомаи мусоидати байналмилалӣ ба Афғонистонро таъкид карданд. Аз ҷумла, масъалаи зарурати афзоиш додани кӯмаки молию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон бо мақсади барқарорсозӣ ва таҷдиди иқтисодиёти он зикр гардид. Вазири корҳои хориҷӣ омода будани Тоҷикистонро ба истифодаи иқтидораш барои расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва техникӣ ба Афғонистон, бахусус, дар соҳаҳои таъминот бо қувваи барқ, коммуникатсия, омодакунии кадрҳои ҳарбӣ ва мулкӣ изҳор дошт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






