Мулоқоти директори МТС бо Сафири Озарбойҷон
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар»). – 13 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҶТ Аббосалӣ Ҳасанов баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Озарбойҷон дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот дурнамои ҳамкории Озарбойҷону Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, имконоти сармоягузории соҳибкорони Озарбойҷон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Бобохон Маҳмадов изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба технологияҳои нав ва сармоягузорӣ ниёз дошта, аз ин лиҳоз барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Аббосалӣ Ҳасанов дар навбати худ аз дастовардҳои иқтисодии Озарбойҷон ва имкониятҳои соҳибкорони кишвараш дар мавриди сармоягузорӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишварҳои бародар нақл кард.Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа табодули афкор намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






