Мунтахаби наврасони кишвар барандаи «Ҷоми дӯcтӣ» гардид

Август 9, 2013 09:13

Душанбе, 9 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- Дастаи наварасони то 16- солаи кишвар оид ба футбол барандаи ҷоизаи «Ҷоми дӯстӣ-2013» дар Бишкек гардид.Мусобиқа, ки дар Қирғизистон ҷараён дошт, рӯзи, 7-уми август анҷом ёфт. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар бозӣ таҳти раҳбарии мураббии ҷопонӣ Чикаши Сузуки ширкат кард, се дидори худро бо пирӯзӣ анҷом дод.Нахуст футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи мизбонон- Қирғизистон 7 тӯб зада, танҳо ду гол сар доданд, дар дидори дуюмаш тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:0 яккачини Озарбойҷонро шикаст дод. Дар охирин дидор, ки рӯзи 7-уми август доир шуд, наврасони тоҷик бо тими Беларус ба майдон баромада, бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд ва барандаи «Ҷоми дӯстӣ-2013» дониста шуданд.

Август 9, 2013 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш