Муроҷиати 8000 нафар шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират

Август 19, 2013 14:36

Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Тавре ки мудири Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Дўстмурод Умаров иброз дошт, аз 1 январ то имрӯз ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ва сохторҳои зертобеи он зиёда аз ҳашт ҳазор (8000) нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд.Ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии дастгоҳи марказӣ 2464 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд. Аз ҷумла, муроҷиати шифоӣ -1461 нафар, муроҷиати хаттӣ-77 адад аризаи шаҳрванд ва муроҷиати телефонӣ — 991нафарро дарбар мегирад. Шумораи умумии муроҷиаткунандагон ба Хадамоти муҳоҷират дар ҳафтаи сипаригашта 255 нафар мебошад, ки ба ҳар яки онҳо аз тарафи масъулини хадамот маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, 10 намуд маводи иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русия супорида шуд. Дар ин бора сухангуи хадамоти муҳоҷирати ҶТ Абдуллоҳи Қодири ба радиои Ховар хабар дод.

Август 19, 2013 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш