Оғози сафари кории Э.Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Душанбе, 29 август (АМИТ «Ховар).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи корхонаи азими семент, ки аз ҷониби ширкати ватании Ғаюр ва ширкати Хуаксин сементи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард.Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ёвон бо иштирок дар маросими тӯйи дастаҷамъонаи арусии 10 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 150 нафар фарзандони хурдсол аз оилаҳои ниёзманд, ки ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, оғоз ёфт.Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар ҷуфти ҷавон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили яхдон, телевизор, чангкаш ва дигар асбоби рӯзгордорӣ ва ба писарчаҳои хурдсол либосворӣ, дучарха ва дигар бозичаю шириниҳо тақдим карда шуд. Ғайр аз ин, ба номи 10 нафар кӯдакон, ки аз падару модар ятим мондаанд, суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ба ҳар яке 3000 сомонӣ амонат гузошта шудааст.Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҷмааи варзишии Форам, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.Тавре аён гардид, ин маҷмаа аз ду ошёна бо толори бузург иборат буда, дар ошёнаи якумаш ҳавзи шиноварӣ бо дарозию паҳноии 22 ба 10 метр ҷойгир шудааст.Ин маҷмаа бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.Дар ошёнаи дуюми бино, ки ҳоло то охир омода нест, толори бузурги фитнес ва ё обутоби бадан ҷойгир шудааст. Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои дигар толору утоқҳои зарурӣ мебошад.
Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз ноҳияи Ёвон Нусратшо Имомов, ки дар Универсиадаи ҷаҳонии шаҳри Қазон аз рӯйи намуди самбо ҷойи сеюм гирифта буд, мошини сабукрав тақдим карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






