Омилони сари вақт ба муштариён нарасидани нашрияҳо дар чист?

Август 6, 2013 14:15

Душанбе, 6 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шуруъ аз моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ оғоз меёбад, мегӯяд Татяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Аз ин рӯ, афзуд ӯ, хадамот тасмим дорад, ки бобати сари вақт ба муштариён расонидани рӯзномаю маҷалла реҷаи кориро аз нав дида баромада, он дар шакле, ки қаблан амал мекард, таҳия ва ба роҳ монда шавад. Дар ин самт ба масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» дастуру супориш дода шудааст, ки реҷаи кориро бо ноширон мувофиқа намоянд, гуфт Татяна Холмуродова. Яке аз омилони дар вақташ ба муштариён нарасидани нашрияҳои давриро масъули ниҳоди алоқаи кишвар дар дер чоп шудани рӯзномаҳо ва сари вақт ба кормандони «Почтаи Тоҷик» дастрас нагардидани он арзёбӣ менамояд. Инчунин тахриб гардидани бинои Почтаи марказӣ, ки дар натиҷа ҷои кори кормандонро маҳдуд намуд, дар масъалаи дастрас намудани нашрияҳои даврӣ ҳам монеъпазир шудааст.  Тибқи омори расмӣ дар соли ҷорӣ обунашавӣ ба рӯзномаҳо 277,5 ҳазор нусха, дастраснамоии матбуоти даврӣ 5366,7 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 102,3 % аст. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби «Почтаи Тоҷик» зиёда аз 900 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ хизмати пулакӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2012 беш аз 80%-ро ташкил медиҳад.

Август 6, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш