Омодагӣ ба мусобиқоти байналмилалӣ

Август 13, 2013 10:36

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Аз 25 то 31 август дар шаҳри Хуҷанд мусобиқоти ҳарсолаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор мегардад. Тавре ки аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқот варзишгарони Русия, Афғонистон, Исроил, Эрон, Чин, Муғулистон, минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар ширкат менамоянд. Дар ин мусобиқот беш аз 100 нафар варзишгарони 14 кишвари ҷаҳон маҳорати худро месанҷанд.

Август 13, 2013 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш