Рӯзи дарҳои кушода

Август 28, 2013 10:22

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»). – 25 август дар шаҳри Берлин дар Рӯзи анъанавии ҳарсолаи дарҳои кушодаи Вазорати ҳамкорӣ ва рушди иқтисодии Олмон Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.Сафорати Тоҷикистон дар Олмон барои ин чорабинӣ лавҳаи маводи иттилоотӣ ва суратҳоро бахшида ба Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои он ҷиҳати рушди иқтисодиёт, сайёҳӣ ва таъмини рушди устувори минтақа бо назардошти нерӯи ғании об ва гидроэнергетикаи кишвар доир намуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳозирон бо барномаю лоиҳаҳои мухталифе, ки Тоҷикистону Олмон дар бахши рушди устувор, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва намудҳои дигари манбаъҳои энергия, маориф, тиб, кишоварзӣ, экология ва афзоиши имкониятҳои тиҷорати минтақавӣ шинос шуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 28, 2013 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш