Рейди Хадамоти муҳоҷират дар корхонаҳои муштараки тоҷикию хориҷӣ

Август 13, 2013 09:40

Душанбе, 13 август. (АМИТ Ховар, Фарзона Ашӯрмадова).- «Таъмини амният ва риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин ном Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба ширкатҳои хориҷӣ таааллуқ доранд, рейд гузаронид.Тавре ки дар ин бора аз хадамоти мазкур хабар доданд, рейди муштараки комиссияи назоратии хадамот аз корхонаи истеҳсолии хишти Тоҷикистон-Чинг Чин ва маркази тиббии «Табобати чинӣ» гузаронида шуд.Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот дар ин ду корхонаи чинӣ ягон ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор нагардидааст.

Август 13, 2013 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш