Роҳхати ҳашт даста ба даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013

Август 30, 2013 09:32

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Ба даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 ҳашт дастаи иштирокчии даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд.Довталабони асосии Ҷоми мазкур дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Энергетик»-и Душанбе, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Равшан»-и Кӯлоб, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Истиқлол»-и Душанбе мебошанд, ки миёни ҳам барои Ҷоми Тоҷикистон-2013 рақобат мекунанд.Дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр баргузор мешавад, дастаҳои «Регар-ТадАЗ» — «Энергетик», «Эсхата» — «Вахш», «Парвоз» — «Равшан» ва «Истаравшан» — «Истиқлол» бо ҳам дидор анҷом медиҳанд.

Август 30, 2013 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш