Роҳсозонро дуое мерасад

Август 14, 2013 15:41

Душанбе,14 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ҳар лаҳзаву ҳар рӯз беҳтар шудани роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, ки дар он таъмиру таҷдиди ҷиддӣ ҷараён дорад, сокинонро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон умедвор месозад. Роҳи мазкур аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода 57 км буда, бо паҳноии 25,5 метр, ки ҳаракати 4 хаттаи нақлиётро таъмин месозад, ба дараҷаи якум дохил мешавад. Аз гардиши шаҳри Турсунзода то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон паҳноии роҳ 15 метр буда, дорои ҳаракати 2 хаттаи нақлиёт ва ба дараҷаи дуюм мансуб аст. Дар ин масофа сохтмон ва барқароркунии 10 адад кӯпрук ба нақша гирифта шудааст, ки як қисмати онҳо аллакай сохта ва барқарор шудаанд. Алҳол мумфарш кардани қабати аввали роҳ ҳам аз самти шаҳри Душанбе ва ҳам аз самти сарҳади Ӯзбекистон оғоз ёфта, кор торафт равнақ меёбад. Тибқи иттилои масъулин алҳол мумфарш кардани роҳ аз байн — аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав низ оғоз шуд. Азму ғайрати роҳсозон кӯшишҳои хеле зиёди коргарону мутахассисони тоҷикистонию чинӣ имкон медиҳад, ки тибқи нақша то охири соли ҷорӣ қабати аввали роҳ пурра мумфарш гардад.

Август 14, 2013 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш