Сӯҳбати Сафири Озарбойҷон бо роҳбари ДОСААФ

Август 14, 2013 13:26

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Тавре ки аз Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 12 август мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов бо раиси Кумитаи марказии Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор Музаффар Гулмадов баргузор гардид.Назар ба хабари манбаъ, зимни мулоқот Музаффар Гулмадов меҳмонро бо фаъолияти созмони мазкур шинос намуда, перомуни тадбирҳои минбаъда, ки бояд тайи моҳҳои наздиктарин дар амал татбиқ шаванд, муфассал нақл кард. Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар навбати худ ҳамкории Кумитаи марказии Созмони ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамтоёни озариаш дар партави муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар қайд намуд.Ҷонибҳо ҳамчунин аз рӯи масоили фаъолияти созмонҳои ҳарбию ватандӯстонаи ҷамъиятӣ чун яке аз омилҳои ҷилавгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва рушди тарзи солими зиндагӣ, ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ табодули афкор намуданд.

Август 14, 2013 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш