Сафари расмии Сарвазири Қирғизистон ба Тоҷикистон

Август 20, 2013 10:16

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Субҳи имрӯз Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев барои боздиди дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро ноиби Сарвазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов истиқбол намуд. Имрӯз, дар нимаи дуюми рӯз, мулоқоти Жанторо Сотиболдиев бо ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов баргузор мешавад.Ҳамчунин мулоқоти Сарвазири Қирғизистон бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев дар ҳошияи ташрифаш имрӯз дар кори Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши об, ки дар шаҳри Душанбе идома меёбад, ширкат мекунад.

Август 20, 2013 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш