Тағйири иқлим оқибати хуб надорад

Август 16, 2013 11:17

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко). – Бо ибтикори ҳамоҳангсози Созмони байналмилалии экологӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Юлия Маклюк дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Тағйири иқлим ва фаъолият ҷиҳати ҷилавгирии он» баргузор гардид. Дар конфронс сухан дар бораи тағйири иқлим рафта, ҳамчунин проблемаҳои экология дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мувофиқи суханони Юлия Маклюк, имрӯз аҳли илми ҷаҳон барои роҳ надодан ба тағйироти манфии иқлим мубориза мебаранд. Дар анҷоми конфронс ба иштироккунандагони он якчанд филми мустанад перомуни тағйири иқлими ҷаҳон намоиш дода шуд.

Август 16, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш