Таҳияи системаи баҳодиҳии миллӣ оид ба истеъмоли маводи мухаддир
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) оид ба омода намудани пешниҳоди лоиҳа барои гузаронидани тадқиқоти вазъи эпидемиологӣ, вобаста ба истеъмоли маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва фавтидани одамон аз ин мавод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ба анҷом расид. Иштирокчиён қарор қабул намуданд, ки оид ба таҳияи системаи баҳодиҳии миллӣ ва гузарондани тадқиқот оид ба истеъмоли мухаддирот ва оқибатҳои тиббию иҷтимоии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ лоиҳа пешниҳод намоянд. Тартиби пешниҳоди лоиҳаи мазкур аз тарафи иштирокчиён таҳия гардид. Тибқи вазифаҳое, ки дар доираи лоиҳа иҷро мегарданд, сараввал гуруҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои манфиатдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис гардида, тадқиқоти дар ин самт гузаронидаи вазорату идораҳои дахлдор, инчунин созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ омўхта мешаванд. Баъдан дар асоси омӯзиши тадқиқот тавсияҳо барои мақсаду вазифаҳои тадқиқоти умумимиллии нақшавии таҳия мегардандДар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






