Ташкилоти ибтидоии “Тоҷиксармоягузор” таъсис ёфт

Август 19, 2013 11:48

Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар»).- Ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии нав дар Ширкати давлатии суғуртавии “Тоҷиксармоягузор” маҷлиси таъсиси ташкилоти ибтидоӣ гузаронида шуд. Дар малис муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур К. Шамшеров ва мутахассиси бахши омор ва баҳисобгирӣ З. Гулаҳмадов ширкат варзида, бо ибрози андешаҳои нек нисбат ба саҳми ҲХДТ дар шукуфоии Тоҷикистони азиз ба аъзои нави ҳизб дар ваъзияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ супориданд.Зикр гардид, ки баҳри амалисозии барномаҳои ҳизбӣ барои рушди босуботи Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии “Тоҷиксармоягузор” пайваста саҳм хоҳад гузошт. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иттилоъ доданд.

Август 19, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш