Таъсиси корхонаи мевахушккунӣ

Август 26, 2013 10:58

Муъминобод, 26 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Муъминобод аз тарафи соҳибкор Ҳотам Мирзоев корхонаи хурди мевахушкунӣ таъсис дода шуд, ки дар як шабонарӯз дар ҳолати таъмин будан бо ашёи хом метавонад аз 500 то 700 кг маҳсулот истеҳсол намояд. Мақсад аз таъсиси корхона рушди соҳаи саноатӣ ва ба ин васила бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани бекорон мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол дар корхона 24 нафар зан ба кор шуруъ карда, музди меҳнати онҳо вобаста ба фурӯши маҳсулот муайян мегардад. Масъулини корхона ба аҳолии ноҳия ва хочагиҳои деҳқоние, ки ба боғкорӣ машғуланд, барои ворид кардани мева, аз қабили себ,нок, зардолу ,шафтолу шартномаи дуҷониба баста, дар оянда низ ҳамкории худро дар ин самт бештар менамоянд. Аҳолии ноҳия минбаъд метавонанд меваҳои пастсифатро бо нархи аз 50 дирам то 1 сомонӣ ба корхона ворид созанд. Масъулини корхона тасмим гирифтаанд, дар оянда дар дохили корхона сехи шарбатбарорӣ таъсис дода, шумораи коргаронро аз 80 то ба 100 нафар расонад.

Август 26, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш