ВКД: роҳҳо муваққатан баста мешаванд

Август 20, 2013 14:31

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзи 20 августи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Дониш-Айнӣ-Рӯдакӣ то Карамов манъ мешавад. Аз соати 16:20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Шотемур то Рӯдакӣ-Бухоро ва соати 16:40 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Шотемур то Рӯдакӣ-Айнӣ манъ мешавад. Соати 17:20 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Шотемур аз И.Сомонӣ то Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ манъ мешавад. Соати 20:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Шотемур аз И.Сомонӣ то Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ манъ мешавад. Рӯзи 21 август соати 10:15 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Шотемур аз И.Сомонӣ то Сино кӯчаи Н.Ганҷавӣ манъ мешавад. Ва соати 11:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз И.Сомонӣ то Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш манъ мешавад.

Август 20, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш