Вусъати корҳои ободонӣ

Август 17, 2013 09:51

Шаҳринав, 17 август.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Солҳои охир бо қомат афрохтани идораҳои маъмурӣ, қасри варзишӣ, чойхонаи хуби замонавӣ, гулгаштҳои хеле зебо симои маркази ноҳия-шаҳраки Шаҳринав хеле дигар гаштааст. Ин дигаргуниҳо дар асоси «Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2007-2015» идома хоҳанд ёфт. Ин мазмун дар суханронии раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз баргузор гардид, садо дод. Ҳамчунин дар арафаи иди касбии табибон се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Қизилбулоқ, Пушти миёна ва Сангмилла мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин имрӯз бо ташаббуси мутахассиси боистеъдоди соҳаи тиб Давлатмурод Носиров шуъбаи индроурология ба фаъолият оғоз кард. Шуъба дорои ҳашт кат буда, беморони роҳҳои масона ва гурда тавассути навтарин таҷҳизот бидуни ҷарроҳӣ табобат хоҳанд шуд. Бояд қайд кард, ки ин дуюмин шуъба дар ҷумҳурӣ буда, дар табобати беморон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Август 17, 2013 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш