Зиёдшавии нафақа ва кӯмакпулиҳо
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар радифи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 14 августи соли 2013 ҳадди ақали нафақа аз рӯи синн ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он дар як моҳ ба 130 сомонӣ ва ҳадди ниҳоии нафақа ба 624 сомонӣ расонида мешавад. Ба иттилои Вазорати меҳнат нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъйин гардида, аз 200 сомонӣ кам мебошанд, ба 200 сомонӣ баробар карда шудааст, вале зиёдшавии онҳо дар ҳар ҳолат бояд аз 25 сомонӣ кам набошад. Нафақаи меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъйин гардидааст ва андозаи онҳо аз 200 сомонӣ ва ё аз ин зиёдтарро ташкил менамояд, 25 сомонӣ зиёд карда мешаванд. Нафақаҳои меҳнатии маъюбони гуруҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо назардошти собиқаи кории пурра таъйин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синн кам мебошад, ба андозаи 30 сомонӣ илова карда мешавад. Гуфта мешавад, ки мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то ҳолати 1 августи соли 2013 теъдоди умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 604 777 нафарро ташкил медиҳад. Андозаи миёнаи нафақа ба 181,76 сомонӣ ё 37 доллар баробар мебошад. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 512406 нафар нафақаи меҳнатӣ мегиранд. Шумораи гирандагони нафақаи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ 92368 нафарро ташкил медиҳад ва ба онҳо ҳармоҳа ба маблағи 8 млн. 8448 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ пардохт мегардад, ки андозаи миёнаи нафақаи онҳо 95,75 сомониро ташкил медиҳад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






