Ғалабаи навбатии «Вахш»
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Футболбозони дастаи «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа дар вохӯрии аввали чорякфиналӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Эсхата» — ро бо ҳисоби ду бар як мағлуб сохтанд.Вохӯрии навбатии ҳар ду даста 17 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор» — и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад. Мувофиқи хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз, 11 сентябр, боз се вохӯрии аввали чорякфиналӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон баргузор гардида, дастаи «Истаравшан» дар майдони худ дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанберо қабул мекунад. Дар ин рӯз дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ва дастаи «Регар – ТадАз» — и шаҳри Турсунзода клуби «Энергетик» — и шаҳри Душанбе қувваозмоӣ менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






