Ҳамкориҳои судманд бо ширкати байналмилалии AMER International Group Co. LTD

Сентябрь 4, 2013 14:37

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 4 сентябри соли 2013 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷистон байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии AMER International Group Co. LTD-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз ҷониби кумита раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва аз ҷониби ширкати байналмилалии AMER International Group Co. LTD Ҷумҳурии Мардумии Чин, ноиби Президенти ширкат Тонг Жанг ба имзо расониданд.Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкории мутақобиларо дар заминаи Ёддошти тафоҳуми мазкур тақвият бахшанд.Тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур тарафҳо тасмим гирифтанд, ки оид ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои алоқа, саноати сабук, энергетика, кишоварзӣ, саноати куҳӣ, металлургияи ранга ва нақлиёт ҳамкориро густариш диҳанд.Ширкати байналмилалии AMER International Group Co. LTD Ҷумҳурии мардумии Чин тасмим гирифт, ки дар оянда дар ин соҳаҳо наздики 500 млн. долл. ИМА сармоягузорӣ намояд.

Сентябрь 4, 2013 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш