Ҷавоби КМИР ба ҳарзагӯйии навбатии Зойиров

Сентябрь 21, 2013 10:55

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — 18 сентябри соли ҷорӣ рўзномаи «ИмрўзNews» мусоҳибаеро бо Р.Зойиров- раиси ҲСДТ бо унвони «Раҳматилло Зойиров: КМИР дигар имконият надошт» нашр намудааст, ки дар он Зойиров маротибаи навбатӣ иддаои беасосу бедалелро пешкаши мардуми шарифи кишвар намудааст. Зойиров бо ҳарзагӯии худ маълумоти расмии мақомоти ваколатдори ду давлатро оид ба шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия рад менамояд. Яъне ба гуфтаи ў гўё ҳам мақомоти ваколатдори давлатии Тоҷикистон ва ҳам мақомоти ваколатдори давлатии Федератсияи Русия, ки ҳисоботи омориро дар асоси фаъолияти ҳамарўзаи бақайдгирӣ мегиранд, маълумоти бардурӯғ пешниҳод менамоянд. Аммо маълумоти худро, ки дар асоси таҳлилҳои ғайрирасмӣ ва ҳисобҳои таваккалӣ ҷамъ намудааст, ҳақиқати маҳз мешуморад. Ҳамзамон дар баробари он ки ў маълумоти расмии мақомоти ваколатдори ду давлатро рад менамояд, дар ҷойи дигар мегӯяд, ки изҳороти ман дар асоси ҳисоботҳои омории Тоҷикистон, Русия, ИДМ, маълумотномаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва ғайра омода шудаанд. Саволҳо ба вуҷуд меоянд, ки чунин ҳисоботҳои омориро Зойиров аз кадом мақомоти Тоҷикистон ва аз кадом мақомоти Русия гирифтааст, он чӣ гуна маълумот аст, аз ҷониби кӣ тасдиқ мешавад? Дар ҷойи дигар Р.Зойиров мегўяд КМИР ваъда медиҳад, ки дар ҳудуди Русия 22 участкаи интихоботӣ ташкил карда мешавад. Вақте ки тибқи қонун, дар 22 участкаи интихоботӣ ҳамагӣ (максимум!!!) то 66 ҳазор мардикор, ин ҳатто 8%-и худи шумораи мардикорони КМИР эълон кардаро дар бар гирифта метавонад. Дигарҳо чӣ кор кунанд?Ба маълумоти Р.Зойиров мерасонем, ки тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни конститутсионӣ «Участкаҳои интихоботӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз сарҳади Тоҷикистон мебошанд, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари ҷои истиқоматашон ҳисоб меёбад».Яъне ҳар як намояндагии Тоҷикистон дар хориҷа (намояндагӣ, сафоратхона, консулгарӣ) новобаста аз шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин намояндагӣ истиқомат ва ҳуқуқи интихоб кардан доранд, як участка ҳисоб меёбад.Аз ин талаботи Қонун бармеояд, ки ҳамаи интихобкунандагони дар ҳудуди намояндагӣ иқомат дошта, дар ҳамин намояндагӣ, ки дар як вақт участкаи интихоботӣ ба ҳисоб меравад, овоз медиҳанд.Агар дар қаламрави кишвари хориҷа намояндагии Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад, участкаҳои интихоботӣ аз тарафи КМИР бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷа ташкил карда мешаванд.Талабот оид ба ташкили участкаҳои интихоботӣ аз ҳисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка, ин ба участкаҳои интихоботие, ки аз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди ҳар як ҳавзаи интихоботии кишвар ташкил карда мешаванд, дахл дошта, ба участкаҳои интихоботии дар хориҷа ташкилмешуда ягон иртибот надорад. Оид ба оне, ки дар чунин ҳолат ҳуқуқи шаҳрвандони ҶТ ба интихоб кардан ва интихоб шудан то кадом андоза таъмин мегардад, ҳаминро зикр кардан зарур аст, ки муқаррароти қонунгузории ҶТ дар ин маврид пурра ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад, имконияти иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсии кишвар новобаста аз маҳалли будубошашон таъмин мекунад ва изҳори озодонаи иродаи сиёсии шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Ба ин хотир, бо қарори КМИР аз 19.09.2013 №56 дар 25 давлати хориҷа 59 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки аз ҷумла 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Русия мебошанд.Изҳороти дигаре, ки аз ҷониби Р.Зойиров баён мешавад, боиси нигаронӣ ва таассуфи зиёд аст, чунки он аз ҷониби як нафар бо ном ҳуқуқшинос изҳор шудааст. Ў таъкид мекунад, ки: «Дар Конститутсияи ҶТ шакли ифодаи дастгирии шаҳрванд аз ин ё он номзад ба президентӣ на муайян, на мушаххас ва на маҳдуд карда нашудааст. Яъне КМИР, тибқи Конститутсия, ҳаққи маҳдуд карданро надорад. Маҳдудкунии ин ҳуқуқи шаҳрванд танҳо дар шакли варақаҳои имзоҷамъкунӣ ё бланкаҳои дигари махсус пурра ғайриконститутсионӣ мебошад».Зойиров ҳуқуқшинос шуда бояд хуб донад, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди сарчашмаи асосии ҳуқуқ будан, рисолати пурра, ҳаматарафа танзим намудани кулли муносибатҳои ҷамъитиро дар дохили худ надорад ва таъйиноти давлативу ҳуқуқии қабули Конститутсия низ ин нест. Конститутсия сарчашмаи асосии қонунгузории кишвар ба шумор меравад ва дар тақвияти меъёрҳои он, бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти он қонунҳои соҳавӣ қабул карда мешавад. Мувофиқан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад, ки таъиноти он пурра танзим намудани тамоми масъалаҳои вобаста ба раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 25, банди 2 Қонуни конститутсионии мазкур, ки мавҷудияти як силсила ҳуҷҷатҳоро ҳангоми қабули қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти ҶТ талаб менамояд, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо бланкаҳо бо имзоҳои шаҳрвандон барои дастгирии номзади ба мансаби президентӣ пешниҳодшуда низ муқаррар шудааст. Барои дар сатҳи дахлдор таъмин намудани ин меъёр КМИР шакл ва матни бланкаҳои мазкурро бо қарори худ аз 25.07.2013 муайян намудааст, ки ин ваколати КМИР аз Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд. Ба иддаои Зойиров ҷамъоварии имзоҳо дар варақаҳо ё бланкаҳои махсус гӯё маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрванд ба шумор меравад. Ба масъалаи бардоштаи Зойиров, ҳатто агар аз нуқтаи назари қонун не, балки бо ақли солим назар кунем, чунин бармеояд, ки шаҳрвандон бе бланкаҳои имзоҷамъкунӣ дар кадом шакле бошад, бояд ба дастгирии номзадии пешбаришуда имзо ҷамъ кунанд, ки ин ғайриҳуқуқӣ мебошад. Маркази матбуотии КМИР

Сентябрь 21, 2013 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид