Б.М. Ҷамил: «Саудӣ ба неъмати худододи Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад»

Сентябрь 26, 2013 16:04

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Арабистони Саудӣ тасмим дорад дар оянда бо таҳияи як тарҳи бузург тавассути лӯла аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ оби ошомиданӣ интиқол диҳад ва ҳам ҷиҳати ҷалби қуваи корӣ аз Тоҷикистон ба Саудӣ мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин дар рӯзҳои таҷлили 83-юмин солгарди Рӯзи миллии ин кишвар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил суҳбате анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:-Ҷаноби доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, лутфан мегуфтед, ки соли равон мардуми Арабистони Саудӣ ҷашни миллии худро дар кадом сатҳ ва бо кадом дастовардҳо истиқбол гирифтанд? -23 сентябр мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 83-юмин солгарди эълони Шоҳигариро таҷлил намуда, дастовардҳои намоёни онро ситоиш карданд, ки бо тавфиқи Худованди ягона, бо шарофати роҳбарияти бохирад ва мардуми фидокор ба он ноил шуда, ба ҷойгоҳи баланде дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг, технология ва рушди иқтидори сиёсӣ ва низомӣ расидааст. Заминҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳеҷ гоҳ дар зери тасарруфи истилогарони аҷнабӣ қарор надошт ё худ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ истило нагаштааст. Аз ин рӯ, ҷашни миллии Арабистони Саудӣ аз ҷашни миллии дигар давлатҳо тафовут дорад. Яъне, мо ҷашни истиқлол надорем, Рӯзи миллӣ дорем. Таърихи Рӯзи миллии Арабистони Саудӣ ба он рабт дорад, ки қаблан дар нимҷазираи Арабистони Саудӣ қабилаҳо зиёд буданд ва байни онҳо доимо низоъҳо ва кашмакашҳо рух медоданд, баъдан бо ташаббуси нахустин подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Подшоҳ Абдулазиз ибни Абдураҳмон Оли Сауд бо кӯшишҳои пайгиронаи ҳамин шахс тамоми қабилаҳо зери як парчам ҷамъ оварда шуданд ва ҳамон рӯз ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии сарзамин ва қабилаҳои он ба миён омад. Аз ин хотир мо ин рӯзро Рӯзи ваҳдати тамоми қабилаҳои арабӣ медонем ва он ҳамчун Рӯзи миллии мардуми Арабистони Саудӣ дар саҳифаи таърих дарҷ гардидааст. Ин рӯйдод 83 сол муқаддам, яъне соли 1932 /тибқи солшумории ҳиҷрӣ/ ба вуқуъ пайвастааст. Нуктаи аз ҳама муҳим он аст, ки тӯли ин муддат мардуми кишвар бо Ҳукумати Саудӣ ваҳдату иртиботи самимиву мухлисона доранд.-Ҷаноби Сафир аз нигоҳи Шумо алҳол муносиботи дипломатии ду кишвар-Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар кадом поя қарор доранд?-Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз нахустин кишварҳоест, ки аз оғози соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд. Имрӯз Ҳукумати Арабистони Саудӣ дар партави дастуру нишондодҳои мустақими Ходими ҳарамайни шарифайн баҳри таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо ин ҷумҳурии ҷавон, яъне Тоҷикистон, ки онро мо ҳамчун кишвари бародар ном мебарем, талош меварзад. Шукри Худованди бузург муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар баландтарин сатҳ қарор дорад ва дар ин замина бояд ҳаминро тазаккур дод, ки ин муносибатҳо бениҳоят умедбахшанд. Ман ба ҳайси сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як нуктаро дарк кардам, ки ҳар ду ҷониб барои рушди ҳамкориҳо ҷиҳати тақвияти муносиботи дуҷониба дар тамоми самтҳо ҳавсамандии зиёд доранд ва дар ҳамин замина мо саъю талош менамоем то тавонем муносибатҳоямонро густариш диҳем. -Ба назари Шумо чӣ бояд кард, ки ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ҳар ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад? Зеро байни ҳар ду давлат имкониятҳои истифоданашуда дар бахши иқтисод ва тиҷорат ҳанӯз зиёданд, хусусан дар мавриди таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоягузорони Саудӣ ба Тоҷикистон. -Дар заминаи муносибатҳои неки сиёсӣ байни ду кишвар ҷонибҳо ба таври ҷиддӣ ҳавасманди онанд, ки сатҳи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баланд бардошта шавад, то он ҷавобгӯи ормонҳои роҳбарият ва мардуми ду кишвари бародар бошад. Аз нигоҳи ман барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст, ки заминаи меъёрию ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо фароҳам оварда шавад. Дар ин замина лоиҳаи якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла Созишномаи вобаста ба ҳимоя ва ҳавасмандкунии мутақобилаи сармоягузоӣ ва канорагирии андозбандии дукарата аз ҷониби доираҳои дахлдори тарафҳо омода шуда, баъзе аз онҳо пешимзо низ шудаанд ва дар фурсати наздиктарин ба имзои ниҳоӣ хоҳанд расид. Рӯзҳои 26-28 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гашт ва зимни ин чорабинӣ тавсияҳо ва натиҷаҳои умедбахш дар ростои ояндаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба даст омад. Аъзои комиссияи мазкур таъкид бар он намуданд, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад ва кори ҷаласаи аввалини комиссия бо қарору тавсияҳои умедбахш ба анҷом расид. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки дар наздиктарин фурсат Анҷумани доираҳои соҳибкории ду кишвар дар пойтахти Арабистони Саудӣ гузаронида шавад. Умедворем, ки дар партави он ҳамкориҳои иқтисодӣ рушди бештар хоҳанд ёфт.Тибқи омори расмӣ мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2012 ба 400 000 $ расидааст ва ин нишондод дар ин нимаи аввали соли 2013 –ум 200 000 $-ро ташкил медиҳад. Албатта, ин нишондод хеле ночиз аст ва ҷавобгӯи имконоти мавҷуда ва робитаҳои бародаронаи роҳбарият ва мардуми ду кишвар ва ормонҳои мо нест. Аммо ман итминон дорам, ки дар натиҷаи кӯшишҳое, ки имрӯз ба харҷ дода мешавад, махсусан пас аз баргузории ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак ҳаҷми гардиши мол ба маротиб дар ояндаи наздик афзоиш хоҳад ёфт. Далели ҳавасмандии ҷониби Саудӣ ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди як ҳалқае ҳаст, ки тамоми доираҳо ва вазоратҳои марбутаи Арабистони Саудиро бо ҳам мепайвандад. Ва мо имрӯз бо ҳамдигар ҳамоҳанг карда истодаем, ки чӣ гуна бо ин кишвари ҷавон робитаҳои иқтисодиро тақвият бахшем. Ман дар аксар маврид зимни мулоқоти расмӣ бо ҷониби тоҷикистонӣ таъкид мекунам, ки Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон хеле таъхир кардааст ва аз ин хотир узрхоҳӣ ҳам менамоям. Аммо дар баробари ин ваъда медиҳам, ки мо имрӯз қавӣ ва устуворона кор карда истодаем, то дар ояндаи наздик сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишварро баланд бардорем. — То ҷое мусаллам аст Тоҷикистон дорои захираҳои бои обию энергетикист. Оё ҷониби Арабистони Саудӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳ дорад?-Бале, бо назардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикист, чун зиёда аз 65% обҳои минтақаи Осиёи Миёна дар ин сарзамин ташаккул меёбанд, масъалаи мазкур ба таври ҷиддӣ зимни ҷаласаи Комиссияи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифта буд ва ба андешаи ин ҷониб метавонад, яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ дар оянда бошад. Дар яке аз мулоқотҳоям бо вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудам, ки азбаски Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ аст, бояд тамоми кишварҳо ба Тоҷикистон барои ин неъмати бузург ҳасад баранд. Об як неъмате ҳаст, ки касе агар муҳтоҷи об бошад, баъд ба қадри он мерасад аз ҷумла мо. Дар Арабистони Саудӣ обро аз баҳр гирифта, ширин мекунем, баъдан истифода менамоем. Аммо дар Тоҷикистон Худованд ин неъматро арзонӣ намудааст. Ҳамзамон як пешниҳодро ман ба вазири оби Тоҷикистон ироа карда будам, ки дар пештоқи даромадгоҳи вазорат ин оёти калима: «Ва ҷаъално мин-ал моъи кулла шайъин ҳай», яъне «Мо тамоми мавҷудоти зиндаро аз об офаридем»-ро сабт менамуданд. Масъалаи нақшаи содироти оби Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ин таҳияи як лоиҳаи бузургро тақозо мекунад, ки мавриди баррасии тамоми кишварҳои дахлдор бояд қарор гирад. Яъне, интиқоли об тавассути қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Халиҷ сурат хоҳад гирифт. Ман намегӯям, ки амалӣ намудани ин лоиҳаи бузург номумкин аст, не, албатта, мумкин аст, он мавриди баррасист ва Шоҳигарии Саудӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ дорад, зеро об ин шараёни зиндагист. Яъне, об набошад, ҳаёт ҳам нест. Ин масъала аз ҷониби Саудӣ ва давлатҳои дахлдор мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дорад. -Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое маҳсуб мешавад, ки ба қабули қувваи корӣ аз хориҷа ниёзи бештар дорад. Дар масъалаи ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ оё ҷониби Саудӣ эҳтиёҷ ва таваҷҷуҳ дорад?-Воқеан, ҷониби Саудӣ ҳавасманди ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон аст. Аммо як нуктаро бояд қайд кард, ки сафарбаркунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба шоҳигарӣ тибқи тартибот ва низоми махсус сурат мегирад ва корманди хориҷӣ дар вобастагӣ ба кафил (корфармо) фаъолият намуда, бояд бо ӯ шартнома дошта бошад. Ба назар мерасад, ки ҷавонони тоҷик муҳоҷирати меҳнатии озодро бартар мешуморанд, ки он дар шоҳигарӣ мақбул нест. Дар айни замон мо омӯхта истодаем, ки ин масъала тавассути ширкатҳои калон аз ду ҷониб ба роҳ монда шавад, то муҳоҷирати меҳнатӣ дар доираи тавофуқоти ин ду ширкати дахлдор фаъолият намояд. Сиёсати ҷалби қувваи корӣ аз хориҷа ба Арабистони Саудӣ зери сарпарастии шахсияти Ходими ҳарамайни шарифайн он аст, ки бештар нерӯи корӣ аз ҷаҳони Ислом ҷалб шавад, аз ҷумла Тоҷикистон. зеро ҷалби қувваи корӣ аз кишварҳои олами Ислом ин як навъ ҳамкорист ва он ба нафъи тарафайн сурат мегирад. Яъне, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии мо ба қувваи корӣ аз ҷаҳони Ислом бештар аст. Мо, тавре дар Тоҷикистон мушоҳида кардем, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар он сатҳ аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд озод бошанд. Масалан, вақте ки ба ягон кишвар барои кор мераванд, онҳо чӣ коре, ки мехоҳанд, анҷом медиҳанд, яъне ба ҳамин одат кардаанд. Аммо дар Арабистони Саудӣ низоми ҷалби нерӯи корӣ дигар аст ва фарқ мекунад. Дар кишвари мо системаи ҷалбкунии нерӯи корӣ аст, муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба маънои он, ки вақте шаҳрванд ба ягон давлат сафар кард, вай озод аст. Дар кишвари мо вақте ки инсон барои кор меравад, бояд бо як шахси масъул аҳд бандад. Дар доираи шартнома бояд кор кунад. Мисол маошаш чӣ қадар аст, рӯзӣ корӣ ва то чанд муддат кор мекунад, бояд дар қарордод сабт гардад. Дар масъалаи ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба Саудӣ баъзе ҳассосиятҳо ё монеаҳо вуҷуд доранд. Аммо дар ин масъала ноумед шудан даркор нест. Мо як пешниҳод дорем, ки бояд ширкатҳои ихтисосманд аз ҳар ду ҷониб ҷалб шаванд ба ин масъала. Ин ширкатҳо ҷиҳати омода намудани нерӯи корӣ- аз лиҳози кордонӣ, тахассус, забондонӣ ва сафарбар намудани онҳо ба кишвари мо мусоидат намоянд. Донистани забони англисӣ барои доираҳои кории Арабистони Саудӣ муҳим аст. Мо эҳсос мекунем, ки дар Тоҷикистон донистани забони англисӣ дар сатҳи баланд нест. Мисол, ҳангоме ки мутахассиси соҳаи тиб ба Арабистони Саудӣ меравад, вай бояд забони англисиро хуб донад. Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҷалби нерӯи корӣ байни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Кумитаи бо кортаъминкунии Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шудааст. Кумитаи бо кортаъминкунӣ аз хориҷ тобеъ аст ба Палатаи савдо ва саноат ва Палатаи савдо ва саноат ба Вазорати тиҷорати Арабистони Саудӣ. Асосан Арабистони Саудӣ аз кишварҳои Миср, Индонезия, Филиппин, Бангладеш, Ҳинд, Непал қуваи корӣ ворид месозад ва Тоҷикистон ягона кишварест дар Осиёи Марказӣ, ки Аарабистони Саудӣ дар мавриди ҷалби неруи корӣ Ёддошти тафоҳум имзо намудааст ва дар оянда раванди ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба кишвари мо ҷараён хоҳад гирифт. Бояд бигӯям, ки дар Арабистони Саудӣ муқаррарот ва низомномаи махсус аст, ки он барои ҳимояи ҳуқуқи қувваи кории беруна равона шудааст. Масалан. хизматрасонии тиббӣ, ҷои истиқомат, хурду хӯрок, хароҷоти сафар ва бозгашт аз ҷониби корфармо пардохт мешавад. Ин ҳама шаҳодати ҳимояи ҳуқуқи нерӯи корӣ дар Арабистони Саудист. — Дар маросими Ҳаҷ чӣ теъдод аз мусулмонони ҷаҳон тавофи Хонаи Каъба менамоянд ва ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани маросими Хаҷ Арабистони Саудӣ кадом тадбирҳоро андешидаст? 20% коҳиш ёфтани шумораи зоирин дар соли равон ба чӣ рабт дорад? -Дар айни замон барои васеъгардонии дохили Масҷиди Макка ва атрофи он лоиҳаи Шоҳи Арабистони Саудӣ доир ба тавсеа бахшидани атрофи Каъба амалӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз лоиҳаҳои васеъгардонӣ, ки пештар анҷом ёфтаанд, бо он фарқ мекунад, ки барои аввалин бор тавофгоҳ ва зарфияти ғунҷоиши он тавсеа меёбад. Дар ҳоли ҳозир 48 000 тавофкунанда дар як соат тавоф менамоянд ва пас аз анҷоми лоиҳаи ҷадид 105 000 нафар дар як соат тавофро адо хоҳанд кард, ки ин азамати лоиҳаро нишон медиҳад. Ин лоиҳа дар се марҳила дар тӯли се сол амалӣ мешавад. Кори лоиҳа моҳи муҳаррами соли равони ҳиҷрӣ оғоз гардид. Пас аз анҷоми корҳо ғунҷоиши масҷид ба беш аз 2,5 миллион намозгузор хоҳад расид. Дар робита ба ин мақомоти баландпояи Саудӣ барои коҳиши 20%-и квотаи ҳоҷиён аз тамоми давлатҳо бидуни истисно дастур додааст. Дар мавриди зоирини Тоҷикистон бояд гуфт, ки бо вуҷуди 20% фоиз кам намудани шумораи ҳоҷиёни тоҷик нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Агар соли 2012 тақрибан 6100 ҳоҷӣ аз Тоҷикистон ба зиёрати Ҳаҷ мушарраф шуда бошад, имсол шумораи онҳо зиёда аз 6300 нафарро ташкил медиҳад, зеро соли равон дар пайи кӯшишҳои сафорат шахсан банда, барои Тоҷикистон квотаи ҳоҷиён тибқи шумораи воқеии аҳолӣ ҷудо гардид. Яъне, дар соли равон мебоист 7800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мерафтанд, аз ин шумора 20 % кам карда шуд. 20% зоирин, ки дар маросими Ҳаҷи имсола аз ҷониби Саудӣ кам карда шудааст, ин танҳо барои хизматрасонии меҳмонони Худо-ҳоҷиён равона шудааст, ҳадафаш ҳамин аст. Лоиҳаи таҷдиди атрофи Ҳарам бояд 6 сол идома меёфт. Ҳангоми муаррифии ин лоиҳа Ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳ Абдуллоҳ Оли Сауд иштирок доштанд ва зикр карданд, ки бояд дар муддати се сол лоиҳаи мазкурро ба анҷом расонед. Яъне соли оянда низ квота дар мавриди сафари зоирин идома меёбад. Бояд тазаккур дод, ки хароҷоти лоиҳаи таҷдиди атрофи Ҳарам ду миллиард $ буда, бо назардошти оне, ки муддати хатми лоиҳа аз 6 ба се сол фароварда шуд, хароҷоти он низ зиёд мегардад. Ҳадафи лоиҳа васеъ кардани атрофи Тавофгоҳ –Хонаи Каъба аст. Дар соли ҷорӣ квота ба тамоми кишварҳое, ки ҳоҷӣ мефиристанд, ҷорӣ шудааст. Баъди моҳи шарифи Рамазон Ҳукумати Арабистони Саудӣ зери роҳбарии Ходими ҳарамайни шарифайн тамоми кӯшишҳоро ҷиҳати бомуввафақият гузаронидани маросими Ҳаҷ ба харҷ дод. Дар ин замина намояндагони кулли вазорату идораҳои марбутаро ба заминҳои муқаддас, ки дар онҳо маросими Ҳаҷ сурат мегирад, интиқол доданд. Ҳукумати Саудӣ иқтидори худро бо кулли ниҳодҳояш ба хизмати зоирин равона месозад ва дар ин замина Ҳукумати Саудӣ аз ягон кишвар кӯмак талаб намекунад, зеро дар кишвари мо тамоми имкониятҳо вуҷуд доранд ва онро барои хидмати ҳоҷиён сафарбар мекунанд. Ягона чизе, ки мо аз ҳоҷиён умедвор ҳастем, ин ҳамкорӣ аст, то мавсими Ҳаҷ муввафақона гузараду ягон мушкилот пеш наояд. Ҳар сол ҳудуди 4-5 миллион мусалмонон тавофи Хонаи Каъба менамоянд. Дар як вақт, дар як ҷо, дар як сарзамин 4-5 миллион нафарро ҷамъ овардан боиси тааҷҷуб, боиси ҳайрати ҷаҳониён аст, зеро дар як вақт як мамлакат 5 миллион мусалмонро дар маросими Ҳаҷ гирди ҳам меорад. Мо, ки мусулмон ҳастему имони комил дорем, мутмаинем, ки ин нақши мо нест, ин тавфиқ ва имдоди Худованди бузург аст, зеро бинед, ки як давлат вақте ки конфронсе мегузаронад ва 1000 нафарро даъват менамояд, дар ташвиш аст.-Ҷаноби Сафир дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду давлат Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе кадом корҳоро ба анҷом расонидааст?-Чунин ҳамкориҳо рушд меёбанд ва дар навбати худ ба Созишномаҳои дахлдор ниёз доранд, ки то имрўз пешимзо шудаанд. Дар самти робитаҳои фарҳангӣ, яке аз дастовардҳои сафорати мо ин ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии доимоамалкунандаи Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Дарҳои гӯшаи мазкур ҳамеша барои муроҷиаткунандагон, донишҷӯён ва ҳаводорони забону фарҳанги арабӣ боз аст. Инчунин байни донишгоҳҳои ду кившар ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон мо мехоҳем, ки дар оянда ҳамкориҳоро байни ниҳодҳои илмӣ ба роҳ монем. Инчунин Сафорати Саудӣ дар Душанбе кӯшиш мекунад, ки ба табъу нашри баъзе китобҳо саҳмгузорӣ кунад. Масалан ба қарибӣ китоби Ибни Надим «Ал- Феҳрист», ки аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, чоп хоҳад гашт. Бо ташаббуси Сафорат Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ба таври электронӣ мунташир гаштааст, инчунин барои ҳоҷиён як китобча низ чоп намудааст.-Таманнои Шумо ба мардуми тоҷик ва дурнамои ин сарзаминро чӣ гуна дидан мехоҳед? -Аксар вақт, ки ба кишварам сафар мекунам ва бо масъулин, рафиқонам суҳбат меороям, мегӯям, ки мардуми тоҷик мардуме ҳаст, ки аз лиҳози урфу одат бо мардуми мо қаробат дорад. Яке аз хусусиятҳои ҷалбкунандаи фарҳанги тоҷикон нигоҳ доштани анъанаҳои қадимаю суннатӣ, хусусан кокулҳои дарози духтарону бонувони тоҷик аст, ки ин анъана дар бисёр кишварҳо аз байн рафтааст. Комёбии бузурги Тоҷикистон ин аст, ки дар ин сарзамин тинҷию амонӣ ва оромию осоиштагист. Тоҷикон мардуми сулҳдӯсту ботаҳаммул, меҳнатдӯст ва хоксору меҳрубонанд. Орзуманди муваффақияти мардуми тоҷик ва шукуфоии сарзамини офтобию ҳамешабаҳори Тоҷикистонам. Тӯли се соле, ки дар Тоҷикистон фаъолияти дипломатӣ дорам, ман эҳсос кардам, ки дар ин кишвар пешрафт ва рифоҳ ба назар мерасад. Умедворам, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди оне, ки нафт ҳам надорад, солҳои наздик дар сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор хоҳад гирифт.   Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Сентябрь 26, 2013 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд