Баромади Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО доир ба масъалаҳои захираҳои обӣ

Сентябрь 13, 2013 09:15

Душанбе, 13 сентябр (АМИТ «Ховар»).-10 сентябри соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ороми ЮНЕСКО доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони департаментҳои ЮНЕСКО, намояндагони доимии кишварҳои иштирокдорони Созмон ва кормандони ВАО-и хориҷӣ ширкат варзиданд. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, Сафир Рустамҷон Солиев доир ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20-21 августи соли 2013, Душанбе) баромад намуда, ба иштирокчиёни чорабинӣ перомуни ҳадафу вазифа, муҳтаво ва натиҷаҳои кори Конфронси мазкур маълумоти муфассал манзур кард. Сафир Р.Солиев аҳамияти татбиқи муштараки ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва алалхусус зимни суханронӣ дар Конфронси оби Душанбе пешниҳод кардааст, таъкид намуд. Дипломати тоҷик ба маълумоти иштирокчиёни ҷаласа марому мақсади санади ниҳоии Конфронс — Изҳороти Душанберо, ки матнаш дар байни ҳозирини ҷаласа паҳн гардид, расонид. Ҳамзамон аҳамияти риояи муқаррароти Изҳороти Душанбе аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни раванди ҷаҳонии идоракунии захираҳои обӣ таъкид гардид. Р. Солиев инчунин ба ҳозирин дар бораи асосҳои консептуалии дипломатияи обӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои обии минтақа татбиқ карда мешавад, иттилоъ дод.

Сентябрь 13, 2013 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш