БДА хабар медиҳад

Сентябрь 18, 2013 10:23

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Аз аввали соли ҷорӣ то имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 983 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 316 нафар ба ҳалокат расида, 1095 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Дар ҳафтаи равон аз 9 то 15 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 30 садама ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд.

Сентябрь 18, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш