Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Заҳролудшавии 220 кӯдак Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар фестивали «Тирамоҳи Семедрово» 220 кўдак заҳролуд шудаанд. Тибқи иттилои расида,, мутахассисони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки сабаби ба ин аҳвол гирифтор шудани хурдсолон гўшти хӯрок будааст. Фестивали «Тирамоҳи Семедрово» ҳар сол дар фасли тирамоҳ дар шаҳри Семедровои Сербия миёни хурдсолон гузаронида мешавад. Қарори бонки КолумбияДушанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Бонки ҷаҳонӣ оид ба додани қарз ба Колумбия ба миқдори 600 миллион доллар қарор қабул намудааст. Дарозтарин умри инсонДушанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Япония шумораи афроди аз садсола боло меафзояд. Соли равон шумораи ин гуна афрод 3021 нафар нисбат ба соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ 6791 нафар мард ва 77606 нафар зан аз садсола боло буда, куҳансолтанрини онҳо 115 сол умр дорад. Савганди Мамнун ҲусейнДушанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Мамнун Ҳусейн расман ба ҳайси Президенти Покистон савганд ёд намуд. 30-юли соли равон дар ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ Мамнун Ҳусейн бештари овозҳоро соҳиб гардид.Пешниҳоди Президенти ҶИЭДушанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти ҶИЭ зимни суханронии худ дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъкид кардааст, ки буҳрони Сурия фақат аз тариқи гуфтугӯи миёни давлат ва мухолифини ин кишвар қобили ҳал хоҳад буд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






