Даргузашти Музаффар Махсумов -олими астрофизик
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 19 сентябри соли 2013 корманди Институти астрофизикаи Академияи илмҳо — роҳбари Гуруҳи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Махсумов Музаффар Нусратуллоевич баъд аз бемории кутоҳмуддат дар 76- солагӣ аз олам чашм пӯшид.Махсумов М.Н. 18 майи соли 1937 дар шаҳри Маскав дар оилаи арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба дунё омадааст. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил намуда, корро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шуъбаи физикаю математикаи АИ (аз соли 1964 Институти физикаю техникӣ) сар кардааст. Музаффар Нусратуллоевич аз соли 1966 дар Институти астрофизикаи АИ фаъолият намуда, аз соли 1977 то 1992 ӯ вазифаи директори институтро ба уҳда дошт. Тадқиқоти илмии Махсумов (зиёда аз 60 мақола, 2 рисолаи илмӣ) асосан ба омӯзиши сохтор ва динамикаи системаҳои ситораҳо бахшида шудаанд. Ӯ усулҳои назарияи кинетики плазма ва усулҳои асимптотики назарияи лаппишҳои ғайрихаттиро барои омӯхтани сохтор ва динамикаи галактикаҳо татбиқ намуда, ноустувориҳои ҷозибавиро дар динамикаи галактикаҳо ошкор кардааст.Ном ва хотираи неки Махсумов Музаффар Нусратуллоевич ҳамеша дар ёди мо хоҳад монд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






