Дастгир шудани гуруҳи ҷавонон бо гумони нашъаҷаллобӣ

Сентябрь 17, 2013 10:31

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, 13 сентябри соли 2013, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрвандон Наимов А., Табаров Н., Табаров Ҷ. ва Расулов Х. дастгир шуданд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи онҳо 9 килою 256 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира шуд.Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯии иловагӣ ҳамчунин шаҳрвандон Сайдалиев Ҷ. ва Ҳусейнов С. ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардиданд.Аз рӯи ин ҳодиса, мутобиқи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Сентябрь 17, 2013 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш