Даъвати Оқил Оқилов аз иштирокдорони Иҷлосияи 68-уми МУ СММ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Нимаи дуюми рӯзи 25-уми сентябри соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар Ичлосияи 68-уми МУ СММ суханронӣ кард. Оқил Оқилов зимни суханронии худ изҳор дошт, ки ноил гардидан ба рушди устувор дар оянда аз татбиқ ва маблағгузории барнома ва лоиҳаҳои бузурги ба нақша гирифташуда вобастагии калон дорад. Бо назардошти нақши калидӣ доштани захираҳои обӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз қарорҳои МУ СММ, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҷониби давлатҳои узви СММ қабул шудаанд, истиқбол менамояд ва барои амалӣ намудани нақшаю барномаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳифзи захираҳои Обӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Оқил Оқилов аз иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки аз ташаббуси нави ҷониби Тоҷикистон доир ба тахияи дурнамои масъалаҳо доир ба об барои давраи баъди соли 2015, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Душанбе оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013 пешниҳод гардидааст, ҷонибдорӣ намоянд. Дар баробари ин Сарвазири мамлакат ҳамзамон таъмин, дастрасии пурра ва рушди соҳаи энергетикаро омили дигари муҳим барои расидан ба рушди воқеии устувор арзёбӣ карда, изхор дошт, ки тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба хотири беҳдошти сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат пеш гирифта шудаанд ва аз ин хотир бояд, ки масъалаи дастрасӣ ба энергетика мақоми баробар ба ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо дошта бошад. Дар идомаи суханронии хеш Оқил Оқилов аз рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки таҳкими раванди ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҳар ҷиҳат ба вазъ ва суботи Афгонистони ҳамсоякишвар вобастагӣ дорад ва бояд нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар ба эътидол овардан ва таъмини рушди иқтисодиёти Афғонистон боз ҳам бештару беҳтар гардонида шавад. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни суханронӣ аз минбари баланди МУ СММ ҳамзамон оид ба тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва таъмини амнияту оромӣ дар минтақа изҳори назар кард.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






