Форуми ҷавондухтарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Сентябрь 26, 2013 09:28

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -27 сентябр дар толори Кумитаи занон Форуми ҷавондухтароне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд, баргузор мегардад. Форум дар доираи барномаи давлатии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд доир хоҳад гашт. Мақсад аз баргузории чунин форум- ин баррасии пешравӣ, камбудӣ ва дурнамои рушди фаъолияти занону духтарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар назар аст, ки дар он намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, кормандони ВКД, прокуратура, судяҳо, донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва дигарон иштирок кунанд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи занон хабар доданд, чунин чорабинӣ, ки дар он болоравии мансаби духтарон баррасӣ мегардад, бори аввал дар кумита гузаронида мешавад. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ сухан хоҳанд гуфт.

Сентябрь 26, 2013 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш