Форуми занони соҳибкор

Сентябрь 17, 2013 11:12

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Аввали моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Форуми ҷумҳуриявии занони соҳибкор баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Анҷумани занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони Сабоҳат Раҳимзода, ба форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Кумитаи оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи тандурустии Парлумони ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорони шаҳри Душанбе, Анҷумани миллии хоҷагиҳои деҳқонии ҶТ ва ғайра даъват карда мешаванд. Форум дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Сентябрь 17, 2013 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш