Ифтитоҳи бинои хобгоҳи тарбиятгирандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявии Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ба истифода супоридани як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф овард.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бинои нави Хобгоҳи мактаб-интернати ҷумҳурияви кудакони ятимро бо буридани лентаи рамзи расман ба истифода супурд.Бинои хобгоҳ барои 200 нафар пешбини шуда он бо харҷи зиёда аз як миллион сомонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бунёд карда шудааст. Сарвари давлат зимни шиносои ба шароити хобгоҳи мактаб -интернат баҳои баланд дода барои боз ҳам фароҳам сохтани шароити арзанда ба масъулин дастуру ҳидоят дод.Иттило дода шуд, ки дар мактаб-интернати мазкур зиёда аз 250 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора 145 нафар падар ё модар надоранд ва 6 нафар ятими кул мебошад.Президенти мамлатакат ба сарпарасти ин мактаб – интернат дастуру ҳидоят дод, ки то моҳи ноябри соли равон ҳамаи тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимро бо либосҳои гарми зимистона таъмин намоянд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба 6 нафар ятими кул дар бонк суратҳисоб кушоянд.Сарвари давлат муррабиёну омӯзгоронро ҳидоят намуд, ки бо тарбиятгирандагон мисли фарзанди хеш муносибат намуда, дар таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намоянд.Президенти мамлакат ба масъулин дастур дод, ки роҳи маҳалии шаҳраки Навободро мумфарш намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






