Ифтитоҳи мактаб барои 1700 хонанда дар маркази ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 5 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби зебою муосири таҳсилоти ҳамагонӣ, ки барои 1700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки ин муассисаи замонавӣ бо харҷи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Мактаб аз 42 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла 10 синфхонаи фаннӣ, ки барои дарсҳои кор бо компютер, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва ғайра пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад. Дар 2 синфхонаи компютерӣ 36 компютер насб гардидааст, ки ба омӯзиши асосҳои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ замина муҳайё месозанд. Синфҳои забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингафонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки ба талаботи забономӯзии касбӣ низ ҷавобгӯй мебошад.Толори маҷлисии мактаб, ки дорои 225 ҷойи нишаст мебошад, ҳамчунин дорои имконоти баргузории маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ аст.Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби омодасозӣ ва пешниҳоди хӯрокҳои гунонун барои хонандагону омӯзгорон аст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбияи мактаб бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва ободонии атрофи он дастуру ҳидоятҳо дод.Бо изҳори норозигӣ аз тарҳ ва сифати сохтмону таҷҳизи толори варзишии мактаб дастур дода шуд, ки бо тарҳи наву зебо як толори дигар барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ сохта шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии мактаб суханронӣ намуда, ифтитоҳи мактабҳои нави сершуморро, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ба назар мерасад, идомаи босамари сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхории доимӣ ба соҳаи маориф маънӣ дод.Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби таълиму тарбия дар мактабҳои наву муосир таълиму тарбияи фарзандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то ки аз онҳо насли солиму ояндасози кишвар бар камол расад.Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба солгарди сеҳазораи Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил мегардад, аз ҷумла доир ба бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва фарҳангӣ дода шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






