Ифтитоҳи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №45 –и ноҳияи Нуробод
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод бо буридани лентаи рамзӣ, ба фаъолияти муассисаи нави таълимӣ, ки бо риояи тарҳу усулҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст расман оғоз бахшид.Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 –и ноҳияи Нуробод, дар заминаи мактаби куҳна, ки он чун мактаби асосӣ, ки толибилмон дар он то синфи 9-ум ба таълим фаро гирифта мешуд, бунёд ёфтааст.Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳавои фаннӣ, компютерӣ ва толори варзишию дигар утоқҳои корӣ мебошад. Сарвари давлат бо шароити таълимӣ ва сифати корҳои сохтмонии дабистон, ки он аз ҷониби ҶДММ-и «Сур-Саф» сохта шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмони баҳои баланд дод. Тавре аён гардид, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Нуробод бо фармоиши Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаҳои зери обшавандаи Роғун» барои 330 хонанда дар як баст бо маблағи 7 миллиону 600 ҳазор бунёд гардидааст.Ба истифода додани Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 мушкилоти ҷандинсолаи кӯдакону наврасони ҷамоати деҳоти Хумдонро бартараф намуд. То ба бунёди чунин муассисаи наву замонавии илмомӯзӣ фарзандони ин деҳа барои таълим масофаи 4-5 километрро тай менамуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро ба таҳсили хубу намунавӣ ва омӯзиши технологияи муосиру забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба масъулин дастур дод, ки ба сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.Дар саҳни мактаби навбунёд Президенти мамлакат бо хонандагону омӯзгорон мулоқот намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз ин шароити фароҳамгардида, истифода намоянд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки талаботи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя карда, барои дар амал татбиқ намудани он мусоидат намоянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






