Ифтитоҳи НБО «Тутак» дар Рашт

Сентябрь 27, 2013 08:43

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дирӯз бо иштироки вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ дар ноҳияи Рашт Нерӯгоҳи барқи обии хурди «Тутак» ба фаъолият оғоз кард.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, сохтмони НБО-и мазкур аз соли 2011 оғоз гардида, дар муддати ду сол ба истифода дода шуд. Гуфта мешавад, ки иқтидори солонаи НБО-и мазкур 586 кВт/соатро дар бар мегирад.

Сентябрь 27, 2013 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш