Ифтитоҳи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва шиносоии Президент бо қисми низомии Гвардияи миллӣ дар Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати шаҳраки Навобод ҳамчунин бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шӯъбаи корҳои дохилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт мавриди истифода қарор гирифт. Шӯъбаи корҳои дохили ду ошёна буда дорои утоқҳои муҷаҳаз бо лавозимоти зарури, толори хурди варзишӣ, ошхона ва утоқҳои махсус мебошад. Минбаъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шароити арзанда фаъолияти босамар хоҳанд намуд.Сипас Президенти мамлакат дар қисми низомии 051062-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Навобод ҷойгир мебошад, бо шароити хизматии афсарону сарбозон шинос гардид. Сарвари давлат зимни суҳбати озоду самими афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаи халқу ватан ҳидоят намуд.Маврид ба таъкид аст, ки қисми ҳарбии мазкур яке аз воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, лавозимоту муҳимоти ҷангӣ ва дигар воситаҳои махсуси муосир таъмин карда шудааст. Намунаи бештари ин воситаҳои муосири техникӣ, ки барои воҳидҳои махсус пешбинӣ шудаанд, дар саҳни қисми ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.Дар муддати як сол бо кӯмаку дастгирии Сарвари давлат бинои асосии қисми ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаҳои маишиву фароғатӣ, хобгоҳу ошхонаи сарбозон ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур сохта мавриди истифода қарор дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






