Ифтитоҳи табобатгоҳи замонавӣ ва маркази варзишию фароғатӣ дар Ҷиргатол
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобатгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ба истифода дода шуд.Табобатгоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Неъмон Абдусаломов бо харҷи 180 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.Оби шифобахши табобатгоҳ аз дараи Тандиқул, ки дар масофаи 26 километр дур аз ноҳия ҷойгир аст оварда шуда, барои муолиҷаи бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳои пуст, системаи асаб, бемориҳои ишемиявии дил ва ғайра мусоидат мекунад.Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити табобатгоҳ шинос шуда, зикр намуд, ки хизматрасониро ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то аз минтақаҳои гуногуни мамлакат беморону эҳтиёҷмандон тавонанд муолиҷа гиранд ва саломатии худро барқарор намоянд.Дар табобатгоҳ барои беморон тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, меҳмонхона бо 25 ҷойи хоб низ омода гардидааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти маркази варзишию фароғатӣ, ки дар шафати табобатгоҳ ҷойгир аст, оғози расмӣ бахшид.Дар баробари ба истифода додани маркази варзишию фароғатӣ зиёда аз 10 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.Маркази варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Музафар Мирзошарифов дар муддати 1 сол бунёд гардида, дар як вақт то 25 нафар метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд.Ба Президенти мамлакат маълумот дода шуд, ки дар назди маркази варзишию фароғатӣ ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ сохта мешавад ва маркази мазкур метавонад дар оянда ба як маҷмаъаи калони варзишӣ табдил ёфта, ҷавонону наврасонро ба машқу тамрини баданд фаро гирад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободонӣ ва ташкили нави ҷойҳои корӣ изҳори сипосу минатдорӣ кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






