Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар ноҳияи Тоҷикобод
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳия Тоҷикобод, ки соли 2010 сурат гирифт, ба масъулин оид ба сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дастур дода буд. Дар як мудати кӯтоҳ сохтмони маҷмаъаи варзишӣ ба анҷом расонида шуда, имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тоҷикобод, ки дар минтақаи Рашт аз калонтар иншооти варзишӣ ба ҳисоб меравад, дар сохтмони он 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Варзишгоҳ дорои беш аз 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар он шароити зарурӣ ҷиҳати баргузориии мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ муҳайё мебошад.Дар варзишгоҳи навбунёд маросими хатнасури 120 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманди ноҳия баргузор карда шуд. Қайд намудан ба мавридаст, ки базми хатнасури кӯдакон бо дастгрии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шудааст. Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуд.Дар варзишгоҳи тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамчунин бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нишондодҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар сохтани шароити таълиму тарбия дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






