Ифтитоҳи як зумра корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар ҷамоати деҳоти Шугноби Ховалинг
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Шугноб, ҳамчунин як нонпазхона, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.Дар коргоҳи нонпазӣ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар як шабонарӯз аз 150 кг орд маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда мешавад. Ин коргоҳ барои қонеъ гардондани талаботи мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ин мавзеъ, аз ҷумла заршӯён пешбинӣ шудааст.Дар корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш бошад, иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо аз 25-30 намуд гиёҳҳои табиати ин мавзеи биҳиштосо навъҳои гуногуни доруворӣ истеҳсол карда мешавад. Дастгоҳи бастубанди доруворӣ, ки бо технологияи навтарин сохта шудааст, бо арзиши 250 ҳазор доллари амрикоӣ дастрас гардидааст.Дар ин ҷо 30 нафар мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин шудаанд.Зимни ифтитоҳи корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, аз ҷумла аён гардид, ки дар он 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.Дар ин корхона духти либоси мактабӣ, коргарӣ, тиббӣ, арусӣ ва дигар либосвории мардонаю занона ба роҳ монда шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки як корхонаи алоҳидаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва ҳамаи шароити зарурӣ бунёд намоянд, то ки талаботи ин маҳалро пурра қонеъ гардонанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги созандагии корхонаи заршӯии Одинаро, ки дар зарфи 2 соли охир бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ мактаб-интернати муосир ва коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ бо зиёда аз 100 ҷойи корӣ бунёд намудаанд, намунаи олии ватандорию ватандӯстӣ ва савобҷӯӣ номида, фаъолияти пурсамари ин соҳибкорони баору номусро ҳамчунин намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони кишвар маънӣ дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






