Иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқоти Осиё
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов дар вохӯриҳои интихобии минтақаи Осиёи Марказии мусобиқоти «Осиё – 2014», ки аз 5 то 7 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, иштирок менамояд. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар гуруҳи «А» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон қувваозмоӣ менамоянд. Футболбозони тоҷик 5 ноябр бо дастаи мунтахаби Қирғизистон, 6 ноябр бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ва 7 ноябр бо дастаи Туркманистон вомехӯранд. Хотинишон месозем, ки фақат се дастаи гуруҳи мазкур ба қисми хотимавии мусобиқоти «Осиё — 2014» роҳхат мегиранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






