Иштироки Э. Раҳмон дар маросими ба истифода додани боғи фарҳангӣ- фароғатӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамчунин бо иштироки сарвари давлати Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ҷиргатол боғи фарҳангӣ- фароғатӣ ба истифода дода шуд . Боғи фарҳангӣ дар як муддати кўтоҳ бунёд ёфта, ба як маркази дилхушии кўдакон табдил гардидааст. Боғи мазкур аз маҷмааҳои дилхушӣ ва атраксионҳои гуногун иборат мебошад. Президенти мамлакат ба шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар боғ шинос шуда, таъкид намуд , ки ба сокинон ва меҳмонон дар оянда хизматрасонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад . Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамчунин бо фаъолони ноҳия суҳбати озоду самимӣ анҷом дод . Аз ҷумла Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ноҳияи Ҷиргатол ободу зебо гардида , дар ин давра иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Зикр гардид, ки дар ноҳияи Ҷиргатол тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар 400 иншооти муҳим , аз ҷумла 39 пул , 21 мактаби нав ва 20 муассисаи табобатӣ сохта шуда, 52 адад трансформатору зеристгоҳҳои барқӣ харидорӣ ва васл карда шудаанд . Инчунин 76 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ таъмир карда шуда, ба 35 деҳаи ноҳия хатти оби нўшокӣ кашида шудааст. Картошкапарварӣ ҳамчун бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ сол то сол рушд карда, майдони кишти он бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда васеъ карда мешавад . Ҳангоми суханрони Президенти мамлакат таъкид намуд , ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба мамлкати содиркунандаи картошка табдил ёфтааст . Ҳамчунин зикр гардид, ки истеҳсоли картошка имсол дар ҷумҳурӣ 1 миллион тоннаро ташкил дода, дар 3 соли оянда ба 1,5 миллион тонна расонида мешавад . Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






