Иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ

Сентябрь 26, 2013 16:47

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 25 сентябри соли 2013 Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Сарвазири Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба масъалаҳои муҳим ва калидии минтақа ва ҷаҳон ироа намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст, то ба раванди муайян намудани рӯзномаи рушди глобалӣ то соли 2015, ки бо ибтикори Маҷмаи Умумии СММ мушаххас ва ҳамоҳанг шуда истодааст, мусоидати ҳамаҷониба расонад. Сарвазири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба вазъият дар Афғонистон ҷалб намуда, изҳор дошт, ки роҳи ягонаи ҳалли масъалаи мазкур ин мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар мебошад.

Сентябрь 26, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш