ИСЁНИ ҒУРУР
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар 70-соли замони Иттиҳоди абарқудрати Шўравӣ Тоҷикистон дар қатори ҷумҳуриҳои бародар мавқеи дастнигарӣ дошт. Ҳарчи ки медоданд, мегирифту ҳарчи ки мехостанд, медод. Бе иҷозати сарнишинони сафинаи баҳри сиёсати Кумитаи Марказӣ дасташро ба об намезад. Аммо дар баробари дигар камиву костиҳои рўзгор ва маҳдудияти назару андеша даст аз домони шукру сипос барнамедоштем.Руҳаш шод бод Ленини бузургро, ки таълимоташ моро дар руҳияи самимияту садоқат тарбият кард. Он замон ҳама пешрафтҳои ҷомеа дар заминаи зарфиятҳои назариявии Ленин сурат мегирифт ва оқибат нобасомон анҷом пазируфт. Имрўз, агар дар меъёри қиёс андеша кунем, Эмомалӣ Раҳмон таълимоти назариявии 70-сол пиёда нашударо дар 22-соли соҳибистиқлолӣ амалӣ кард. Ончунон амалӣ кард, ки касе интизораш набуд. Шаҳчанори ҷасорати Сарвари давлат дар фазои хиёбони садоқату ватандориаш шохаҳои сояафкани зиёд дорад, ки аз шуои хуршеди худшиносии миллӣ тобу тавон гирифтаанд. Бо пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ, дар ҳалқаи чор куҳи тақдир мондем. Дар доираи сиёсати бунёдкориву созандагии Эмомалӣ Раҳмон аз синаи куҳҳои сарбафалаки Ватани маҳбуб иқдоми нақбканӣ падидаест, ки ҷомаи истиқболаш аз абрешими таҳсину офарин дўхта шудааст.Дар андешаи Сарвари муаззами миллат, ки «мо нақбро бо нохун меканем» гуфт, фалсафаи бузурги матонату мардонагӣ ва нангу номуси ватандорӣ маъво гирифтаасту дар нохуни ҷасораташ зарбаи тешаи Фарҳод ба синаи куҳи армонҳои миллӣ нақш андохтааст.Соликони роҳи умеду орзуҳои миллатро Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ кард ва аз дили куҳ ба кушодани нақб шуруъ намуд. Бо ин ташаббуси беназираш ў мушкилоти мардумро осон ва аз қуллаи вафо ба аҳд чун хуршеди оламафрўз нурафшонӣ кард.Тавассути нақби «Истиқлол»-у «Шаҳристон» ба чор фасли сол ниҳоли умеду орзуҳоро гулафшонӣ бахшид ва Роҳи абрешимро ба шоҳроҳи дилҳо мубаддал гардонд.Аз шимоли Тоҷикистон,Бо шамоли нақби ШаҳристонТо ҷануб, Аз саҳаргоҳон то вақти ғуруб,Сад умеду орзу абрешимист,Баҳри тоҷик обрў абрешимист.Ҳақиқати азобу шиканҷаҳои шаҳрвандон дар оврингу пайроҳаҳои куҳӣ дар ёдҳо ба ҳукми афсона мондаасту афсонаи шикофтани синаи сангини куҳҳо дар мақоми ҳақиқат қарор гирифтааст.Миёни мушкилоти ағбаҳои Шаршару Чормағзакро ҳам шикастему ба бунёди шоҳроҳҳои байналмилалӣ камари ҳиммат бастем.Аммо дар маҳзари нимхобиву нимбедорӣ:Афсона ҳақиқат шуду мо боз ҳамонем.Дар радифи бархурди тамаддунҳо, ки аз ҳар яки мо зиракиву ҳушёрии сиёсиро тақозо мекунад, бархурди андешаҳои номафҳуми худро ба миён меорему кучактарин мушкилоти ҷомеаро ҷомаи ваҳму иғроқ ва шакку ғулув пўшонда, рисолати таҳаммулпазириро, ки мероси аҷдодон аст, фаромўш мекунем. Гиряи тифли гаҳвораро дар мақоми мушкилоти асосии рўзгор қарор дода, хандаи мўйсафеди ҳафтодсоларо дарди бедавои пирӣ маънидод мекунем. Аз ин тазодди қонунҳои нонавиштаи ҳаёт нотавонбинони дохиливу хориҷиамон руҳу илҳом гирифта, қарсак мезананду мерақсанд. Аз ин рў, ҳар вақте ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иқдомоташ паёмеро ба наслҳои оянда ба таҳдоби иншооте мегузорад, бояд мо хишти нангу номуси ватандориро болои хишти хештаншиносӣ зам карда, девори ифтихори миллии худро устувору побарҷо намоем. Дар ҳар минбаре, ки Сарвари давлат бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ сухан мегўяд, бояд мо ба шаҳсутуни руҳи тавонои бузургон такя карда, ояти худшиносиро аз минбари куҳи Ватан замзама намоем.Исёни ғурури Президент дар боби бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда- 1», «Сангтӯда- 2» туғёни мавҷи саркаши дарёи Вахшро ром кард ва ба мутахассисони дохиливу хориҷӣ руҳу илҳоми тоза бахшид.Ғурури Президент фарҳангу маънавиёти моро такон бахшиду нангу номуси варзишгарони тоҷикро бедор намуд.Ғурури Президент соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карду дар қаламрави кишвар бунёди мактабҳои замонавиро ба роҳ монд ва муаллимонро имтиёз бахшиду тақозогари баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия гашт, ки инро табъаш изҳор мекунад:Ба исёни ғурури миллиам тобу тавон дорам,Фурӯ нашнонамаш, то дар вуҷуди хеш ҷон дорам.Туғёни ғурури миллӣ буд, ки Сарвари давлат аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба забони тоҷикӣ сухан гуфта, масъалаҳои мубрами рўзро ба миён гузошт.Баррасӣ намудани мушкилоти ҷомеаи ҷаҳон, аз қабили бо оби тоза таъмин кардани аҳолӣ, ҳифзи сарчашмаҳои бузурги об, эмин нигоҳ доштани баҳри Арал аз ҷараёни хушкшавӣ ва ҳамчунин изҳори нигаронӣ аз зуҳуроти номатлуби нашъамандиву одамфурўшӣ ва пешниҳодҳо баҳри устувории пояҳои сулҳу суботи минтақаву ҷаҳон мавзуъҳое буданд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо забони тоҷикӣматраҳ гардиданд. Ин иқдомот шаҳодат медиҳанд, ки дар замири Сарвари тоҷикони дунё- абармарди тавонои олами сиёсат Эмомалӣ Раҳмон ғурури миллӣ дар заминаи омилҳои сарнавиштсоз ташаккул ёфтааст. Мақому мартабаи ўро шаҳсутунҳои худшиносиву худогоҳӣ такягоҳ гаштаанд.Агар соҳибмансабони ташкилоту идораҳои давлатӣ даҳ фоизи ғурури миллии Президентро дар замири хеш устувор нигоҳ доранд, дар самтҳои гуногуни сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат фатҳи қуллаи мурод осонтару наздиктар мешавад. Агар ҳар сокини баномуси кишвари азизамон аз таҷрибаи ватанпарваронаи Сарвари давлат ибрат бигирад, рўз то рўз ҷомеаи Тоҷикистон ба муваффақиятҳои тозаву назаррас ноил мегардад. Барои ин ҳама дар баробари омилҳои дигар хоҳиш, ҷасорат ва ғурури миллӣ зарур аст, зеро: Дар панҷаи саъй аст калиди дари рўзӣ,Шир аз кашиши тифл зи пистон бадар ояд.Сарвареро, ки таърихи халқи тамаддунсозу забони оламгири ниёгонашро маҳаки асосии пешбурди сиёсати давлатдорӣ меҳисобад, дар ҳар сурат ҷаҳониён эҳтирому эътироф мекунанд.Дар кадом мамлакати дунё, ки нооромиву ноамнӣ он ҷо ҳукмрон аст, сарвараш бе дудилагӣ дар байни издиҳоми мардум бо бовару эътимоди комил сухан мегўяду масъалагузорӣ мекунад? Солҳои аввали роҳбариашро Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаҳои даргири Тоҷикистону Афғонистон ба хотири тантанаи сулҳу ваҳдати сартосарӣ пушти сар карду таҷриба андӯхт.Собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Аҳмадинажод матонати Сарвари давлати моро чунин қаламдод карда буд:Варо дар анҷуманҳо дидаам дарки расо дорад,Қади боло, сари шоҳона, чашми пурзиё дорад.Сухан гўяд, чу марҳам дарди дилҳоро даво дорад,Фақат бахти накуи халқи худро мутакко дорад.Сиёсатномааш умре дуруди Мустафо дорад,Худодод аст ў, дар чеҳрааш нури Худо дорад.Ҳамовозӣ ба ташаббусҳои Сарвари давлат ҳамовозӣ ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб аст.Ҳамраъйӣ ба умеду орзуҳои пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон ҳамраъйӣ ба шукуҳу азамати ифтихори ватандорист ва ҳамнавоӣ ба ғурури миллиаш ҳамнавоӣ ба бузургдошти таъриху тамаддуни миллат аст.Борҳо Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш таъкидан иброз дошт, ки дигар Тоҷикистонро кучак нагўед. Оре, нисбат додани ин вожа ба давлати мо ғурури миллиамонро мекоҳонаду ба бузургманишинон ва нотавонбинони миллати мо руҳу тавон мебахшад. Ватанеро, ки хоки шоирхез дораду халқи тамаддунофар ва дар ҳар гўшааш манзараҳои биҳиштӣ дар ҷилваанд, магар мешавад кучак номид? Миллате, ки илму ҳунари бузургонаш ҷаҳонро такон додаву қавму миллатҳои дунёро ба газидани ангушти ҳайрат водоштааст, оё кучак аст? Оё кишвареро, ки Сарвари давлаташ дар феҳристи 500 мусулмони шинохтаи дунё шомил шудаву «Пешвои асри XXI» эътироф гардидааст, кучак гуфтан ҷоиз аст? Ҳаргиз не! Ҳар касе, ки Тоҷикистонро кучак мегўяд, ўро ақлу фаросат, нангу номус, дарку эҳсос ва билохира имон кучак аст. Абўҳанифае, ки дар ҷаҳони ислом таҳаввулот кард, Ҷалолиддини Балхие, ки бо маърифати бузургӣ ҳангоми реҳлаташ намояндагони ҳамаи мазҳабҳоро ба ҳам овард, Абўалӣ ибни Синое, ки ба тибби дунё таккон дод, Рўдакие, ки шаҳомати эҷодаш Арабу Аҷамро тасхир намуд ва осораш то имрўз мавриди омўзиши ҷаҳониён аст, Куруши Кабире, ки дар мақоми намояндаи мардуми ориёӣ эъломияи ҳуқуқи башарро ироа дошт, ҳушдорест барои назартангон ва шафоати ифтихорест барои тоҷикони ҷаҳон. Ва руҳи абармардони тоҷик дар муқобили нотавонбинони ин сарзамини муқаддас дар ҳоли ситез аст: Ба ҷавлонгоҳи шерон по ниҳодан кори осон нест,Ки он ҷо каҷ нишастан, каҷ нигаҳ кардан хатар дорад.Аҷдоди мо нангу номуси милливу марзу буми миллатро бо баҳои ҷон ҳифзу ҳимоят карда, ба мо мерос гузоштаанд. Парчамбардори ин рисолати бузург Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста дар суханрониҳояш ғурури миллии ниёгонро ба аҳли ҷомеа талқин мекунад, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба воситаи баргузор кардани ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҷалби сармояи хориҷиву институтҳои молиявии ҷаҳон барои обод намудани Тоҷикистони маҳбуб пайваста кўшидаасту мекўшад.Яъне, дар баробари баргузории бузургдошти шахсиятҳои олами ирфон ё матраҳ кардани мушкилоти глобалии сайёра бунёдкории Ватану муаррифии миллат яке аз ҳадафҳои асосии Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд кардани нақбу пулҳо, роҳҳои ҷавобгў ба талаботи байналмиллалӣ ва қомат афрохтани иншоотҳои муҳими стратегӣ бо тарҳрезии осону оддӣба вуҷуд наомадаанд. Дурнамои ҳадафҳои зарфиятсози Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати муътамаду муқаммал имкон дод, ки Тоҷикистон ба арсаи ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошту зина ба зина ободу зебо гардад. Ва бо шарофати ин абармарди сиёсат паҳлуҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат якдигарро пурра намуда, Тоҷикистонро дар маҳзари сиёсати дарҳои кушода муаррифӣ карданд.Пас, якояки моро мебояд, ки ҳаммаром бо бунёдгарону бунёдкорони Ватан, ҳамнафас бо обу хоки ин сарзамини муқаддас ва ҳамқадам бо Сарвари дилогоҳи хеш бошем.Парчами шукрона дар боми сиёсат ҷилвагар,Бошад ин армони қалби тоҷикони номвар.Пешвои асри мо, олимақоми асли мост,Асли моро васл бошад бо мақоми додгар.Давлат Сафар








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






