КМИР маблағи чорабиниҳои пешазинтихоботии номзадҳоро муайян кард

Сентябрь 28, 2013 11:02

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — КМИР хабар медиҳад, ки маблағгузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон тибқи моддаи 5 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.Таъминоти моддӣ-техникии ҳамаи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот низ аз ҳисоби ҳамин маблағ амалӣ мешавад.Масъалаи таъминоти шароити баробари моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ барои ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи КМИР 4 сентябри соли 2013 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи Қарори мазкур муқаррар карда шуд, ки ба ҳар як номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чорабиниҳои пешазинтихоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми 25.000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо мешавад.Ҳамзамон тибқи ин қарор субъектҳое, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадро ба мансаби Президентӣ доранд, ҳақ доранд аз ҳисоби маблағҳои худ ба номзад ба мансаби Президентӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми то 200.000 (дусад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.Инчунин чопи плакатҳо бо барномаи пешазинтихоботӣ, тарҷумаи ҳол ва расми номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.Тибқи талаботи банди 2 моддаи 5 Қонуни конститутсионии мазкур, ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар маблағонидан ва дигар хел дастгириии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти ҷумҳурӣ манъ аст.Бо маблағи дар боло зикршуда таъмин кардани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби КМИР расман ба қайд гирифтани онҳо сурат мегирад.Маркази матбуоти КМИР

Сентябрь 28, 2013 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш