«Корти миллӣ» дар ноҳияи Ҷиликул

Сентябрь 3, 2013 15:12

 
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Дар ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, ки 6 ҳазору 117 нафар нафақагир истиқомат мекунанд,  марҳилаи панҷуми гузариши пардохти нафақа аз тариқи кортҳои бонкӣ оғоз шуд. Нафақагирони ин ноҳия минбаъд маблағи нафақаи худро аз тариқи кортҳои бонкии «Корти миллӣ» дастрас мекунанд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд, аз тариқи корт гирифтани маблағ хеле қулай буда, акнун нафақагирон метавонанд бенавбат ва дигар нороҳатиҳо нафақаашонро ба даст оранд. 

Сентябрь 3, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш