Малакаи ронандагон такмил хоҳад ёфт

Сентябрь 26, 2013 09:29

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Дар шаҳри Душанбе баъд аз таъмир ва таҷдид машқгоҳи мошинронии мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳадаф аз ин амал пешгирии омилҳои мусоидаткунанда бар сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, баланд бардоштани сифати кадрҳои ронандагӣ ва такмили малакаи касбии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва идораи маводи гуногуни мошинҳо ба шумор меравад. Дар маҷмуъ омӯзонидани тамоми аломатҳо ва меъёрҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, гузаштан аз садди роҳи оҳан, ҳаракат ба самти баландӣ ва фаромадан аз он, ҳаракат дар роҳҳои пурпечутоб ба назар гирифта шудааст. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, минбаъд таъмиру таҷдиди машқгоҳҳои ташкилот дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо меъёрҳои таълимию техникии замонавӣ низ идома хоҳад ёфт.

Сентябрь 26, 2013 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш