Муҳоҷири бемор ба ватан равон карда шуд
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муҳоҷири меҳнатӣ- шаҳрванди ҶТ, сокини шаҳри Кӯлоб Ҷумахонова Озода Мадғафуровна муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки ўро бо сабаби беморӣ ва надоштани имконияти молиявӣ ба Ватан равон кунанд. Озода Ҷумахонова дар давоми 6 моҳи охир дар яке аз ширкатҳои таҳиякунандаи ғизои нимхом дар шаҳри Маскав кор карда, корхона ӯро бо хобгоҳ ва маоши хуб таъмин мекардааст. Озода маоши моҳи охири кориро гирифта, нияти ба ватан баргаштанро доштааст, аммо аз сабаби бемории ногаҳонӣ натавонистааст ба кор барояд. Аз сабаби надоштани суғуртаи тиббӣ, дар беморхонаҳо имкони муолиҷа карданро надошт.Бо назардошти вазъият 19 сентябр бо мусоидати Намояндагӣ ва КВД «Тоҷикхориҷакор» муҳоҷири меҳнатӣ бо ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Ватан гуселонида шуд.Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Намояндагӣ аз сабаби надоштани суғуртаи тиббӣ ва дар ин замина надоштани имкони дастрасӣ ба хизматрасонии ройгони тиббӣ муроҷиат менамоянд. Дар айни замон дар ҳудуди Русия ширкатҳои суғуртавӣ фаъолият доранд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияташон маҳз барои муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудааст. Ҳаҷми суғурта вобаста ба муҳлат на он қадар гарон аст, вале дар ҳолатҳои ғайричашмдошт метавонад кафолати гирифтани хизматрасонии саривақтӣ бошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии ХМ дар ФР хабар доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






