Мулоқот ба ифтихори Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об

Сентябрь 27, 2013 14:15

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ба муносибати Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об маҷлиси қабул ва ноништаи корӣ ороста шуд, ки онро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов кушод.Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни суханрониаш зикр намуд, ки конфронси Душанбе ба татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об саҳми зиёде гузошта ва идомаи мантиқии силсилаи чорабиниҳо дар соҳаи об ба шумор меравад. Дар маҷлиси қабул ҳамчунин Сарвазири кишвари Фиҷӣ, муовини Дабири Кулли СММ ва роҳбари механизми ҳамоҳангсозии СММ оид ба масоили об, муовини Дабири Кулли СММ ва муншии иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, ҳамчунин як қатор намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва роҳбарони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сухан карданд.

Сентябрь 27, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш